Бунёдҳои Ҷамъияти Кушода ва Ҷорҷ Сорос

Бунёдҳои Ҷамъияти Кушода ва Ҷорҷ Сорос

Download Files

Download this information as a fact sheet in Tajik.
76.92 KB pdf

Бунёдҳои Ҷамъияти Кушода аз тарафи Ҷорҷ Сорос, яке аз хайрхоҳони бонуфузи дунё, ки аз соли 1984 зиёда аз 13 миллиард доллари сарвати шахсии худро, ки дар бозорҳои молиявӣ ба даст овардаааст, таъсис дода шудаанд.

Ҷамъияти Кушода шахсони инфиродӣ ва ташкилотҳоеро дар саросари дунё дастгирӣ мекунад, ки барои озодии баён, шаффофият, ҳукуматҳои ҳисоботпазир ва барои ҷамъиятҳои ташвиқкунандаи адолату баробарӣ, мубориза мебаранд. Ин кӯмаки молиявии бебозгашт одатан ба онҳое равона карда шудааст, ки барои кӣ буданашон зери табъиз қарор доранд, ба монанди ҷамъиятҳои лӯлиҳои Аврупо ва дигарон, ки бар рағми хостаҳояшон аз ҷомеа дар канор мондаанд.

Сорос шахсан чунин бетаҳаммулиро аз сар гзарондааст. Соли 1930 дар Маҷористон таваллуд шуда, истилои фашизмро аз сар гузарондааст, ки боиси марги зиёда аз 500 000 яҳудиёни Маҷористон гардид. Соли 1947, вақте ки коммунистҳо ба сари қудрат омаданд, Сорос Будапештро тарк карда, аввал ба Лондон ва сипас ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафта, ба дунёи молия ва сармоягузорӣ ворид шуд, ки дар он ҷо сарвати худро ба даст овард.

Сорос хайрхоҳии худро соли 1979 оғоз карда, ба мардуми сиёҳпӯсти Африка дар замони авҷи нажодпарастӣ стипендияҳо ҷудо намуд. Солҳои 1980 ӯ барои ташвиқи мубодилаи афкор дар Маҷористони коммунистӣ мусоидат кард; баъд аз фурӯпошии девори Берлин ӯ кӯшиш кард, ки таҷрибаи институтҳои демократиро дар Аврупои шарқӣ ва марказӣ пурзур намояд.

Бо анҷоми ҷанги сард ӯ хайрхоҳии худро то ИМА, Африка ва Осиё васеъ карда, шумораи зиёди ташаббусҳои навро барои сохтани ҷамъиятҳои ҳисоботпазир, шаффоф ва демократӣ дастгирӣ кард. 

9 Ҳақиқатҳо дар Бораи Бунёдҳои Ҷамъияти Кушода:

  1. Бунёдҳо имрӯз бисту се бунёдҳои миллӣ ва минтақавиро дар бар мегиранд, Ҳар кадоми он дорои шурои маҳаллӣ мебошанд, ки аъзои он корро назорат мекунанд ва афзалиятҳои маблағгузориро барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти маҳаллӣ муайян мекунанд.
  2. Аввалин бунёд соли 1984 дар Маҷористон ва охиринаш соли 2016 дар Мянма таъсис дода шуд.
  3. Бунёдҳо ба хотири нигаҳдории мухторият ва амалиёти молиявии солими созмонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунад, маблағгузории на зиёда аз 33% ро таъмин менамоянд
  4. Бунёдҳо баъд аз Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс калонтарин ташкилоти хайрияи хусусӣ мебошанд. Анъанаи бардавоми корҳои хайрияи тоҷирони муваффақи ИМА ибтидои худро аз оилаҳои Эндрю Кареҷи, Рокфеллер ва Форд мегирад.
  5. Бунёдҳо калонтарин маблағгузори хусусии талошҳо барои дастгирии ақаллияти лӯлиҳои Аврупо мебошанд.
  6. Аз соли 1993 мо даҳҳо миллион долларро барои кӯмаки башардӯстона ва талошҳо барои расонидани кӯмак ҳангоми ҷангҳо дар кишварҳои собиқ Югославия ва махсусан дар шаҳри Сараевои муҳосирашуда пешниҳод кардем. 
  7. Мо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1996 ин ҷониб кор карда истодаем. Барномаҳои ИМА-и мо тақрибан 17%-и корҳои маблағгузориро фаро мегиранд, ки дастгирии ислоҳоти системаи адлияи ҷиноятӣ ва қонунҳо дар бораи маводи мухаддир, пурзуркунии иштироки демократӣ ва дастгирии қонунҳои инсондӯстона дар бораи муҳоҷиратро дар бар мегиранд.
  8. Боз ва боз, бунёдҳо ба баҳси сиёсат дар бораи масъалаҳои ихтилофнок пайвастанд, ки дигар маблағгузорон шояд худдорӣ менамоянд. Мо аз кор бо одамоне, ки барои кӣ буданашон ноодилона радди маърака шудаанд, фахр мекунем.
  9. Номи мо ба ғояи асосгузори фалсафаи Карл Поппер мувофиқат мекунад. Дар китоби худ, Ҷамъияти кушода ва душманони он, Поппер баҳс мекунад, ки ягон фалсафа ё идеология ҳаками ниҳоии ҳақиқат нест ва ҷамъиятҳо танҳо вақте инкишоф меёбанд, ки онҳо идоракунии демократӣ, озодии баён ва эҳтироми ҳуқуқҳои нафарони алоҳидаро иҷозат медиҳанд.