Бунёди «Ҷамъиятҳои Кушода» дар Тоҷикистон

Download Files

Download this information as a fact sheet in Tajik.
82.04 KB pdf

Замоне, ки Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон соли 1996 дар ин љо ба кор шурўъ намуд, кишвар дар марҳилаи ниҳоии ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ қарор дошт – љанге, ки дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор нафар кушта, бештар аз як миллион нафар муњољир гардида буд.  Дар њамин гуна як вазъияти мураккабу нобасомон ҳадафҳои аввалини Бунёд муњайё намудани замина барои муколама дар кишваре буд, ки дар он ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ суқут намуда, муноқишањои шадиди шаҳрвандӣ ба миён омада буданд. 

Барномаҳои аввалини Бунёд аз грантҳо барои сафар, стипендияҳо ва кӯмак ба китобхонаҳо ҷиҳати ташкил намудани конфронсҳо бо маќсади ҷалб намудани кормандони муассисаҳои илмӣ ва мақомоти гуногун ба фаъолияти тадқиқотӣ ва мубодилаи афкор иборат буданд. Бунёд фаъолияти худро бањри сарпарастии чунин муассисаҳо, азнавсозии онњо ва пешбурди ислоҳот дар соњањои гуногуни иќтисодию иљтимоии кишвар тадриљан васеъ намуд.  

Имрӯз Бунёд аз пешбурди таҳсилоти фарогири кӯдакони маъюб сар карда, то мусоидат ба рушди иқтисод, корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.  

Infographic

Далелҳо дар бораи Тоҷикистон ва Бунёдҳои “Ҷамъияти Кушода”

  1. Бунёд ба яке аз ташкилотњои пешбари ѓайрињукуматї – Лигаи занњои њуќуќшинос дар ташкили маъракаю чорабинињои зидди ҳукми қатл фаъолона ёрї расонд ва дар натиља Президенти кишвар Эмомали Раҳмон соли 2004 мораторияи ҳукми қатлро  эълон намуд.

  2. Аз соли 2002 инҷониб бештар аз 30,000 кӯдак дар 150 мактаб ва кӯдакистон аз кӯмаки барномаи Қадам ба қадами ҶК бархурдор гардид. Маќсади барномаи мазкур ҷалби падару модарон, ҳамчун шарикони фаъоли омӯзгорону мураббиён, ба таълиму тарбияи фарзандон буд. 

  3. Бунёд аз соли 2010 инҷониб бо муассисаҳои ҳукуматӣ ва ташкилотҳои мањаллї, ба монанди Ташаббуси волидони кӯдакони дорои аутизм, барои беҳбуд бахшидан ба хидматрасонии кӯдакони маъюб, оилаҳои онҳо ва мактабҳо кор кардааст. 

  4. Бунёд аз соли 2001 сар карда, барои дастрасӣ ба интернет дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон, инчунин дар мактабҳои миёна, донишгоҳҳо, китобхонаҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ беш аз 3,5 миллион доллари ИМА сарф намуд.

  5. Бунёд яке аз маблағгузорони Эътилоф оид ба шаффофият мебошад, ки ҷомеаи шаҳрвандиро дар гуфтушунид бо ҳукумат ва ширкатҳои истихроҷкунандаи маъдан ҳамчун қисми раванди Нишондодҳои саноати шаффоф намояндагӣ мекунад.

  6. Дар соли 2005 Бунёд ба кӯмаки соҳибкорон шурӯъ намуд. Он барои љавонзанони деҳот оид ба зардӯзӣ ва банақшагирии фаъолияти соњибкорї тренингњо баргузор намуда, дар ташкили 25 корхонаи хурд ёрї расонд.

  7. Бунёд аз аввали соли 2000 идеяи ташкили муассисаҳои молиявии хурдро ҳамчун алтернатива ба қарздиҳии бонкӣ пешниҳод намуд. Баъд аз он 258 нафар соҳибкор имкон пайдо кард, ки фаъолияти соњибкории худро бо истифодаи қарзҳое, ки аз ҷониби Бунёд тахсис шудаанд, ба роњ монад.

  8. Экспертизаи ҷаҳонии Ҷамъияти кушода оид ба дастгирии парастории одамони гирифтори бемориҳои марҳилаи ниҳоӣ соли 2010 дар беморхонаи шаҳрии ш. Душанбе аввалин шуъбаи нигоҳубини паллиативӣ ташкил намуд.

  9. Соли 2009 Бунёд дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи педиатрњо идеяи фиристодани «корвон»-и табибон ва ҳуқуқшиносонро ба минтақаҳои дурдасти деҳот барои хизматрасонии тиббӣ ва додани маслиҳатҳо оид ба кумакҳои давлатӣ пешнињод намуд. Идеяи мазкур баъдан аз ҷониби ҳукумат дастгирї ёфта, дар саросари кишвар ва барои одамони гуногунсол паҳн карда шуд.

Learn More: